Дар вилояти Суғд таваллуд бо роҳи сунъӣ зиёд шудааст

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкНоворожденный ребенок.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд 2551 зойиш бо роҳи сунъӣ ё бурриши қайсарӣ (кесарево сечение) ба анҷом расонида шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба шаш моҳи соли қаблӣ, 305 ҳолат зиёд аст
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар вилояти Суғд ҳолатҳои бо ҷарроҳии сунъӣ ё буриши қайсарӣ ба дунё овардани фарзанд, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилоъи Раёсати тандурустии Суғд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 26 100 ҳолати таваллуд ба қайд гирифта шудааст ва ин шумор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, 1704 ҳолат кам мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли 2020, дар Суғд 27 804 таваллуд сабт шуда аз ин теъдод 2246 маврид бо роҳи бурриши қайсарӣ анҷом шудааст.
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фавти модару кӯдак ҳангоми таваллуд: падар аз беаҳамиятӣ мегӯяду табибон аз "илтиҳоби шуш"
Афзоиши омори бурриши қайсарӣ дар Суғд, суолҳоеро дар зеҳни рӯзноманигорон халқ кардааст, ки чаро бо вуҷуди кам будани шумори таваллудкунӣ, чунин ҳодисаҳо бештар шудааст ва оё воқеан занони ҳомила бемору бемадоранд ё табибон тамаъҷӯӣ мекунанд?
Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд дар посух ба ин суол гуфт, ин омор ҳамасола ҳаст ва барои гузаронидани чунин амалиёт нишондоди вижа вуҷуд дорад ва агар табиби занона бе нишон ба анҷоми ин кор даст занад, нисбати вай чораи қонунӣ андешида мешавад.
“Ҳамасола омори бурриши қайсарӣ ҳаст. Барои гузаронидани ин кор нишондодҳо ҳаст, ки аз ҷониби генекологҳо ҳаматарафа дида баромада мешавад. Агар гузаронидани ин кор ғайримақсаднок сурат гирад, генекологҳо ё масъулини таваллудхонаҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, - гуфт Мақсудзода.
Бино ба иттилоъи Раёсати тандурустии Суғд дар ин давра аз шумори 26 100 ҳодисаи таваллудкунӣ 99, 7 % дар шароити муассисаҳои тиббӣ таҳти хизматрасонии дояи статсионарӣ сурат гирифта, 0, 3 % дар шароити хона ба анҷом расидааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 6 ҳодисаи фавти модар ба қайд гирифта шудааст.
Инчунин дар ин давра, 467 ҳодисаи фавти кӯдакон (17, 9 промил) ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 7 ҳолат ё 1, 4 промил зиёд гуфта мешавад.
Масъулини Раёсати тандурустии Суғд гуфтанд, ки дар ин давра нисбати табибони зоишгоҳҳои вилоят ба унвонии онҳо шикояти сокинон ворид нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0