Офати дигар дар Туркия: бедодгарии обхезии шадид - видео

Ҳоло Туркия пас аз сӯхтори мудҳиш дар ҷангал ба худ наомада буд, ки боз обхезии шадид ин кишварро фаро гирифт. Мардумро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд
Дар Туркия дар паи боронгариҳои шадид, обхезӣ рух дод. Дар паи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, 4 тан ҷон аз даст дод.
Обхезӣ вилоятҳои Бартин, Карабюк, Кастамон ва Синопро хароб кард. Наздики 12 деҳа бе барқ монду 13 кас захмӣ гардид. Дар вилояти Бартин купрук валангор шуд.
Сӯхтори ҷангал дар Туркия ба олами ҳайвонот таҳдид мекунад
Аксари биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо таги об монданду мошинҳо дар рӯи об шино мекунанд. Мардумро бо заврақ ба маконҳои бехавф мекӯчонанд.
Ёдрас мешавем, ки аз авохири моҳи июл Туркияро сӯхтори шадиди ҷангалӣ фаро гирифта буд. Дар авҷи мавсими сайёҳӣ аксари курортҳоро дуди ғализ иҳота кард.
Сӯхтори мудҳиш дар Туркия: аксҳо аз ҷои ҳодиса
Аз маконҳои тамошобоб сайёҳонро кӯчониданд. Ҳукумат сабаби сӯхторро оташ задан гуфтанд, вале дертар яке аз ташкилотҳои террористӣ изҳор дошт, ки ин кори дасти онҳо ҳаст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала