Амири Ҳирот асир афтод: Исмоилхон дубора дар банди Толибон*

© FMАмир Исмаил Хан попал в плен к талибам
Амир Исмаил Хан попал в плен к талибам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Обуна шудан
Амир Муҳаммад Исмоилхон, волиии собиқи минтақаи Ҳироти Афғонистон ва яке аз чеҳраҳои намоёни ин кишвар ба дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* асир афтодааст
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Шаҳри Ҳирот ба дасти ҷангҷӯёни Толибон суқут кард ва Амир Муҳаммад Исмоилхон, волии Ҳирот, фармондеҳи қули урду, муини аршади вазорати корҳои дохила бо ду чархбол аз ҷониби Толибон* боздошт шуданд.
Ин иттилоъро ба Sputnik Тоҷикистон Насир Аҳмад, сухангӯйи Исмоилхон низ тасдиқ кардааст.
Ба гуфтаи бархе аз манобеъ, Муҳаммад Исмоилхон пас аз асир шуданаш аз сӯи ҷангҷӯён ба хонааш интиқол дода шудааст.
Ҳамзамон, бархе аз манобеъ хабар медиҳад, ки волии Ҳирот, фармондеҳи қули урду, муини аршади вазорати корҳои дохила ба асорат науфтоданд балки бо гурӯҳи Толибон* ҳамроҳ шуданд.
Аммо мақомоти расмии Афғонистон то ҳол ин маълумотро шарҳ надодааст ва аз асорати Амир Исмоилхон чизе нагуфтааст.
Муҳаммад Исмоил Хон дар Шинданди Ҳирот таваллуд шудааст. Ӯ Сиёсатмадор, раҳбари ҷиҳодӣ, волии Ҳирот ва вазири собиқи энергетика ва оби Афғонистон дар ду давраи ҳукумати Ҳомид Карзай буд.
Бояд гуфт, ки қаблан дар солҳои 1997 Толибон* Исмоилхонро дар давоми се сол дар асорат нигоҳ доштанд.
Амир Исмоилхон ҳангоми ҷанг дар тӯли чанд ҳафта дар шаҳри Ҳирот бо дифоъ аз ҳаёт ва моли мардум асир афтод.
Ҳирот, саввумин шаҳри бузурги Афғонистон, низ дирӯз ба дасти Толибон* афтод. Қаблан Ғазнӣ низ ба дасти Толибон* афтода буд.
Толибон* ба 150 километрии Кобул наздик мешаванд.
Суқути Ҳирот барои ҳукумати марказии Афғонистон аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст. Ин шаҳр чанд ҳафта пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон ба дасти ҷангиёни Толибон* афтод.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0