Ашки Мессиро як миллион доллар нарх карданд

© AP / Joan MonfortЛионель Месси плачет в начале пресс-конференции на стадионе Камп Ноу в Барселоне
Лионель Месси плачет в начале пресс-конференции на стадионе Камп Ноу в Барселоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Рӯймолчаи Леонел Месси таърихӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Рӯмолчаи коғазӣ, ки Лионел Месси дар нишасти матбуотии хайрбодӣ дар Барселона истифода кардааст, як миллион доллар фурӯхта мешавад.
Ин эълон дар вебсайти Mercado Libre нашр шудааст.
Ҳамлавари аргентинӣ зимни эълони истеъфои худ аз Барселона ашк рехт. Барояш ҷудо шудан аз ҳамтоёнаш сахт буд.
Ҳафтаи гузашта клуби испании "Барселона" эълон кард, ки бо Месси шартномаи нав имзо намекунад.
Нападающий Барселоны Лионель Месси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2021
Месси бо Барселона видоъ гуфту ашк рехт - навор
Тибқи иттилои расонаҳо, созишномаи "ПСЖ" бо барандаи шашкаратаи "Тӯби тиллоӣ" барои ду сол бо имкони тамдид то моҳи июни соли 2024 шартнома бастааст.
Маоши бозигар дар як мавсим 35 миллион евро хоҳад буд.
Футболбоз аввалин бозии худро дар ҳайати асосии "Барселона" соли 2004 анҷом дода буд.
Бошгоҳи қатарӣ ба Месси барои гузариш 1 миллиард евро пешниҳод кард
Месси ҳамроҳ бо ин клуб даҳ чемпионати Испания ва ҳафт Ҷоми Испанияро ба даст овард.
Илова бар ин, ӯ чор маротиба қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала