Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Даргузашти генерал Атобек Имомёрбеков аз коронавирус

© Facebook/Атобек ИмомёрбековГенерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков
Генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Генел - майори милитсия Атобек Имомёрбеков аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон Атобек Имомёрбеков даргузашт.
Дар ин бора Музаффари Имомдод, фаъоли ҷомеа дар саҳифааш дар Facebook хабар додааст.
Бино ба гузориш, генел - майори милитсия Атобек Имомёрбеков рӯзи 12 август дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аз олам чашм пӯшидааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти Аҳмадҷон Раҳмонзода - корманди воломақоми додситонии кул аз илтиҳоби шуш
Дар робита ба даргузашти Имомёрбеков ёру дӯстон ва ҳамкасбону ҳамкорон ба аҳли хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ кардаанду ба онҳо сабри ҷамил хостаанд.
Як манбаъи огоҳ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, сабаби марги генералро коронавирус гуфт. Ба қавли манбаъ Имомёрбеков як ҳафта боз бо аломатҳои ин беморӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хоруғ бистарӣ будааст.
Ин дар ҳолест, ки Имомёрбеков моҳе қабл рисолаи доктории номзади илмҳои таърих ҳимоя кард ва ҳамчунин бо фармони Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо медали ҷашнии “75-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” қадрдонӣ шуд.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти генерал Пирӣ Ҳусайн пас аз бемории тӯлонӣ
Имомёрбеков Атобек дар мавзӯи “Таърихи таъсис ва ташаккули мақомоти милитсияи ВМКБ Тоҷикистон (солҳои 1917-2017)” рисолаи докториро ҳимоя кард.
Дар доираи таҳқиқоти илмӣ Имомёрбеков бори аввал фаъолияти милитсияи тоҷики ВМБК ҶТ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ва ташаккулёбии минбаъда, фаъолияти он дар давраҳои мухталифи таърихи тоҷиконро баррасӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала