Фоҷиа дар роҳ ба Ишкошим: мошин бо шаш нафар мусофир ба дарё чаппа шуд

Автомобиль упал в реку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Ахиран дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз як мошини “Лексус” бо шаш сокини ноҳияи Ишкошим ва як тобут ба дарёи Панҷ чаппа шуд.
ДУШАНБЕ, 13авг – Sputnik. Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон ҷасади ду мусофири ин мошини чаппашуда дар ҳозир пайдо шуд ва ҳоло ҷӯстуҷӯи 4 нафари дигар идома дорад.
Манбъа иттилоъ додааст, ки садамаи мазкур дар 390 километрии роҳи автомобилгарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ рух додааст.
Қайд карда шудааст, ки ронандаи мошини Lexus-470-и, ки сокини 40-солаи ноҳияи Ишкошим будааст, аз идораи нақлиёташ набаромад ва мошинаш ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.
КҲФ таъкид доштааст, ки мошини чаппашуда ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия интиқол медод.

“Дар мошини тамғаи "Лексус -470", ки ба сокини ноҳияи Ишкошим тааллуқ дошту ба дарё сарозер шуд, ҷасади як зан ҳам буд. Ҳодиса ҳангоми овардани ҷасади зан аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ишкошим рух додааст”, - таъкид доштааст мақомоти ВМКБ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир тобути зани фавтида ҳамроҳ бо ду нафар мусофирро дарёфт карданд.
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Садама дар дили шаб дар Данғара ду қурбониву се захмӣ барҷой гузошт
“Ҷасади онҳо дар ноҳияи Дарвоз аст ва ҷасадҳоро ба ноҳияи Ишкошим интиқол медиҳанд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол идома доранд”,-қайд кардааст КҲФ.
Таъкид шудааст, ки баъд аз сар задани ин фоҷиаи мудҳиш тамоми кормандони масъул ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва ин рӯйдод таҳти назорати мақомоти ВМКБ, ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала