Омодагӣ ба Ҷоми Осиё: Тоҷикистон бо Баҳрайн ду бозии рафиқона доир мекунад

© ФФТМолодежная сборная Таджикистана
Молодежная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Обуна шудан
Мунтахаби ҷавонониТоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагиҳояш барои бозии Ҷоми Осиё-2022 ду бозии дӯстона дар сафар доир мекунад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, бозии дӯстонаи мунтахаби кишвар бо яккачини ҷавонони Баҳрайн доир хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, ду бозии дӯстонаи дастпарварони Мубин Эргашев санаи 3 ва 6 сентябр дар доир хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд, бозии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Манама пойтахти Баҳрай баргузор хоҳад гашт.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Рейтинги ФИФА. Тоҷикистон 5 “қадам” пеш рафт
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 то 31 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи "В" бозӣ мекунад.
Рақибони тими мо дастаҳои Лубнон (27 октябр), Непал (29 октябр) ва Эрон (31 октябр) хоҳанд буд.
Қаблан сармураббии тими ҷавонони кишвар барои омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2022 27 бозигар - 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват намуда буд.
Лентаи хабарҳо
0