Шарҳи КДАМ дар бораи хабари фирори Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон

© Пресс-служба правительства АфганистанаАмрулло Солех, заместитель президента Афганистана
Амрулло Солех, заместитель президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабарҳои паҳншуда дар бораи фирори Амруллоҳи Солеҳ, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Амруллоҳи Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон қарор надорад, хабар додаанд дар КДАМ Тоҷикистон ба хабаргузории РИА Новости.
Ахиран дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки гӯиё Амруллоҳи Солеҳ тариқи чархбол ба Тоҷикистон фирор кардааст.
"Иттилоъ дар бораи он ки Амруллоҳ Солеҳ, ноиби президенти Афғонистон ба Тоҷикистон фирор намудааст, бепоя буда, воқеӣ нест", - изҳор доштааст мусоҳиби РИА Новости аз КДАМ.
Исмаила-Хана - полевого командира афганских моджахедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Амири Ҳирот чӣ тавр ба дасти Толибон* афтод? - тафсилот
Ин дар ҳолест, ки Солеҳ чанд соат қабл дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки то охир алайҳи Толибон* мубориза хоҳад бурд ва шарту шароитеро, ки ҷангиёни ин ҳаракат "дикта" намоянд, қабул надорад.
Дар Афғонистон муборизаи нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиён, ки солҳо давом дорад, тайи моҳҳои охир шиддат гирифтааст. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* фаъол шуда, қисми зиёди қаламрави кишварро зери назорати худ даровардаанд.
Первое интервью Амир Исмаилхана после пленения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Нахустин суханони Амир Исмоилхон баъд аз асир афтоданаш ба дасти Толибон* - видео
Аз ҷумла бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала