Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

КДАМ аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт: нигаронӣ вуҷуд надорад

© AP / Burt HermanНа таджикский-афганской границе, архивное фото
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки оё вазъи вахим дар Афғонистон барои сокинони марзии Тоҷикистон боиси ҳарос аст ё на
ДУШАНБЕ, 13 август - Спутник. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфтаанд.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар манотиқи марзӣ ҷамъшавии паноҳандагони афғон вуҷуд надорад. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна нигаронӣ вуҷуд надорад.

"Ҳоло вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил аст ва ҳеҷ нигаронӣ вуҷуд надорад: ҳеҷ гуна таҳдид ба амният, ҷамъшавии паноҳандагон ва талоши убур аз марз вуҷуд надорад",- таъкид кардааст Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.

Ҳамсуҳбат расона қайд кардааст, ки аъзои ҳаракати радикалии Толибон, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст, беш аз 80% ҳудуди марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.
Виза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Се консулгарии Тоҷикистон дар Афғонистон баста шуданд
Ба гуфтаи намояндаи КДАМ, ин қаламрав барои ҷангиён муҳим аст, аз ин рӯ онҳо қариб ҳамаи нерӯҳои асосиро ба шимоли Афғонистон кашиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз охири ҳафтаи гузашта толибҳо марказҳои маъмурии беш аз даҳ музофоти 34 вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Қандаҳор, Ҳирот, Заранҷ, Пули Хумрӣ, Ғазнӣ ва инчунин Қундузро, ки дар 60-километрии минтақаи наздиктарин гузаргоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистонанд тасарруф карданд
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала