КҲФ: 5 кӯдак як соат дар дохили лифт дармондаанд

Кабина лифта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз наҷоти 5 ноболиғ аз дохили лифти корношоям дар шаҳри Душанбе хабар додааст
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. КҲФ мегӯяд, хабари дармондани ноболиғон дар лифтро 12 августи соли 2021 соати 18:19 дақиқа гирифтааст.
Муроҷиаткунандагон ба қисми навбатдории КҲФ изҳор доштаанд, ки дар бинои рақами 12 дар кӯчаи Нусратулло Махсум лифт вайрон шудаву дар он 5 нафар ноболиғон руст мондаанд.
Манбаъ афзуд, ки бегоҳӣ баъди сайругашт дар кӯча ин ноболиғон вориди лифт шудаанд ва лифт ба ҳаракат даромадаву дар байни ошёнаҳо аз кор мондааст.
Мигранты работающие на стройках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2019
Муҳоҷирони тоҷик дар Петербург ба чоҳи лифт сарозер шуданд
"Онҳо муддати қариб як соат дар дохили лифт мондаанд. Ҳеч кумаке аз ҷойе нарасидааст. Талош кардаанд ба хадамоти садамавӣ занг зананд, аммо мутаассифона дар ҳама талошҳояшон ноком мондаанд. На хадамоти садамавию на диспетчер ба додашон нарасиданд”, - нақл кардаанд онҳо ба имдодгарон.
Ба иттилои КҲФ дар пайи дарёфти иттилоъ, имдодгарон тайи 15 дақиқа бо истифода аз таҷҳизоти махсуси гидравликии садамавиву наҷот дари лифтро боз карда, ноболиғонро берун оварданд.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки касе аз ин наврасон ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала