КҲФ тафсилоти садамаи пурқурбониро гуфт: як оила ҷанозаи занро барои дафн мебурд

© Фото : Nazir AbbasДорога на Ишкашим, архивное фото
Дорога на Ишкашим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи маргбор дар ноҳияи Дарвозро, ки мошини ҳомили аъзои як оила ғарқи дарё шудааст, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, садамаи пурқурбонӣ 12 августи соли 2021 дар километри 390 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар қаламрави деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Дарвоз рух дод.
Ба иттилои ин ниҳод, мошини тамғаи "Lexus 470", ки аз ҷониби як сокини деҳаи Бағуши ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ идора мешуд, бо сабабҳои номаълум дар дарёи Панҷ сарозер шуд.
"Ҳангоми ҳодиса дар ин мошин 4 нафар мусофир ва ронанда, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, сафар доштанд", - омадааст дар иттилоия.
Зикр шудааст, ки аъзои оила ҷанозаи як зани 74-соларо барои анҷоми маросими гӯру чӯб ба ноҳияи Ишкошим интиқол медоданд. Ба иттилои КҲФ, дар ҳодиса ҳамаи ин панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.
Аммо ВКД иттилоъ додааст, ки мошин ҳомили ҷасади марҳум Абдураҳмонова Басик, соли таваллудаш 1939, сокини ноҳияи Ишкошим будааст, ки дар шаҳри Душанбе бо сабаби беморӣ вафот кардааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ронанда Шодибек Зераков, сокини 41 - солаи Ишкошим ва аз мусофирон Муродмаҳмадова Соҳибнисо ва Ҳайдарбеков Толибек, ҳардуяшон 53-сола, писарашон Ҳайдарбеков Вафои 29-сола, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ном бурдаст. Миёни қурбониён инчунин пайванди дигари ин хонавода Мазабшоев Руслан, сокини 25-солаи ноҳияи Ишкошим будааст.
Манбаъ афзуд, ки аз соҳили дарё, дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз ҷасади Ҳайдарбеков Вафо ва Муродмамадова Соҳибнисо ва ҳамчунин сандуқи чӯбин бо ҷасади Абдураҳмонова ёфт шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагони дигари ин рӯйдоди мудҳиш идома дорад.
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
ВКД шахсияти қурбониёни садама дар ВМКБ - ро гуфт
Мақомоти салоҳиятдор сабабҳои ин садамаро муайян мекунанд.
Дар ҳамин ҳол КҲФ аз ронандагон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.
Лентаи хабарҳо
0