Мудири яке аз дурдасттарин мактабҳои Тоҷикистон дар азхудкунии пули буҷа айбдор шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксМолоток судьи в суде, архивное фото
Молоток судьи в суде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Додситонии кулли Тоҷикистон хабар додааст, ки мудири яке аз макотиби дурдасттарини ҷумҳурӣ, ки дар Мурғоб ҷойгир аст, дар сохтакории хизматӣ ва азхудкунии пули буҷа айбдор шуд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Парванда бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ алайҳи мудири мактаби ҷамоати Қаракул ва муҳосиби ин муассиса боз шуд, хабар додааст Додситонии кул.
Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки Игамбердиев аз моҳи апрели соли 2020 то моҳи феврали соли 2021 дар вазифаи мудири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Каракул фаъолият намуда, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ пули буҷаро аз худ кардааст.
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Раис шавҳарашро нозир таъйин кардаст: "ба кор намеомадаасту аз давлат маош мегирифтааст"
Тавзеҳ дода шудааст, ки мудири мактаб тариқи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби ҳамин муассисаи таълимӣ ба сохтакории табели давомнокии рӯзи кории кормандон даст задааст. Аз ҷумла дар санадҳо номи панҷ омӯзгорро ҳамчун ҳозиршуда ба кор сабт намуда, бо ин восита дар моҳҳои май, июн, август ва сентябри соли 2020 ба маблағи 10 ҳазору 84 сомониро ҳамчун музди меҳнати онҳо гирифта, ба манфиати худаш сарф намудаст.
Таъкид шудааст, ки дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда барқарор карда шудаст.
Додгоҳ низ мудиру сармуҳосибро гунаҳкор дониста, муҷозот намудаст, аммо тафсилоти он оварда нашудааст. Назари худи маҳкумшудаҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала