Қирғизистон аз Қазоқистон хост, марзҳоро ба рӯи шаҳрвандонаш боз кунад

© пресс-служба МИД КРМинистр иностранных дел Кыргызстана Руслан Казакбаев во время встречи с Чрезвычайным и Полномочным Послом Казахстана в КР Рапилем Жошыбаевым
Министр иностранных дел Кыргызстана Руслан Казакбаев во время встречи с Чрезвычайным и Полномочным Послом Казахстана в КР Рапилем Жошыбаевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Қирғизистон мехоҳад, ки равуо миёни ин кишвар ва Қазоқистон зудтар озод шавад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба зарурати ҳарчӣ зудтар бекор кардани чораҳои маҳдудкунандаи вуруди шаҳрвандонаш ба Қазоқистон таъкид кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти ин вазорат.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин росто бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон вохӯрии вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев ва сафири Қазоқистон Рапиш Жошибоев баргузор шудааст.
Ҷонибҳо доираи васеи масоили мубрами муносиботи Қирғизистону Қазоқистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва сарҳадӣ муфассал баррасӣ кардаанд.

"Ҷониби Қирғизистон ба зарурати ҳарчӣ зудтар бекор кардани чораҳои маҳдудкунандаи вуруди шаҳрвандонаш ба Қазоқистон бо мақсади ҳаракати озод ва транзити шаҳрвандон ва мошинҳо аз қаламрави ду кишвар, таъкид кардааст", - омадааст дар хабарнома.

Ин дар ҳолест, ки дар навбати худ тоҷикистониён дар интизори бозкушоии марзҳо бо Қирғизистон ҳастанд.
Рӯзи 12 август, ҷониби Қирғизистон шарти боз кардани марзҳояш бо Тоҷикистонро гуфт.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Дабири Шӯрои Амнияти Қирғизистон гуфт, ки марз бо Тоҷикистон кай боз мешавад
Ба гуфти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов, марзҳои Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти сарҳадӣ бо Тоҷикистон боз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон пас аз муноқишаҳои хунини апрелӣ баста шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала