Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Русия: Толибон* дар шароите нестанд, ки Кобулро ишғол кунанд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксМинистерство иностранных дел России
Министерство иностранных дел России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки Толибон* ҳануз қодир ба даст гирифтани Кобул нестанд
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Забт шудани Қандаҳор аз ҷониби Толибон* маънои онро надорад, ки онҳо омодаанд пойтахти Афғонистонро забт кунанд, мегӯяд, Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири шӯъбаи дуввуми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, Толибон* дар ҳолати ишғоли пойтахт нестанд.
"Гирифтани Қандаҳор ҳеҷ чизро намекушояд", - гуфт Кабулов дар посух ба суоли ин ки оё забти Қандаҳор, дуввумин шаҳри бузурги Афғонистон маънои онро дорад, ки роҳи сӯи пойтахт барои Толибон боз шудааст.
Ба гуфтаи дипломат, музокироти сулҳ дар Афғонистон "ин ё он тарз хоҳад буд", зеро "Толибон* наметавонанд ва ҳанӯз Кобулро нагирифтаанд."
Ин суханон дар ҳоле садо медиҳанд, ки рӯзҳои охир гурӯҳи ҷангиёни Толибон* теъдоди зиёди вилоятҳои Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.
 Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Суқути боз ду шаҳри бузурги Афғонистон ба дасти Толибон*
Дирӯз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* иддао кард, ки ин гуруҳ шаҳри Қандаҳор, маркази вилояти Қандаҳорро пурра таҳти назорат гирифтаанд. Вай гуфт, ки нерӯҳои ин гурӯҳ ба майдони Шаҳидони қисми марказии шаҳр расидаанд.
Қаблан мақомоти баландпояи амрикоӣ гуфта буданд, ки агар равиши Толибон* ҳамин қисм идома кунад, онҳо давоми аз 1 то се моҳ идораи пурраи Афғонистонро зери назорати худ хоҳанд даровард.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала