Сафири Покистон тасдиқ кард: моҳи оянда Имрон Хон ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксИмран Хан, примьер министр Пакистана
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар, баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар рафти мулоқот тарафҳо вобаста ба сафари дарпешистодаи сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон, ки дар назар аст сафари мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат гирад, гуфтугӯ намуданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шӯрои муштараки кории Тоҷикистону Покистон ва ташкили Бизнес-форум миёни соҳибкорони ҳарду кишвар дар доираи сафари зикргардида, мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуданд.
 Подписания соглашений / меморандумов о взаимопонимании между Пакистаном и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Имрон Хон ба Раҳмон аз нигарониҳояш гуфт: агар созиш нашавад, террор зиёд мегардад
Инчунин, зимни вохӯрии мазкур, тарафҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон Покистон мубодилаи афкор намудаанд.
Таъкид гардидааст, ки барои мусоидат намудан дар тақвияти ҳамкориҳо ва зич намудани иртиботҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои якдигар ва иштироки фаъолонаи ширкату корхонаҳои ҳарду ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави кишварҳои якдигар баргузоршаванда, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала