Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Амири Ҳирот чӣ тавр ба дасти Толибон* афтод? - тафсилот

© Facebook / Хадж Амир Мухаммад ИсмаилИсмаила-Хана - полевого командира афганских моджахедов
Исмаила-Хана - полевого командира афганских моджахедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Амир Исмоилхонро Толибон* на дар саҳнаи ҷанг, балки тавассути хиёнат асир гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Як генерали баландмақоми артиши Афғонистон, ки нахост номаш ифшо шавад, боздошти Амир Муҳаммад Исмоилхонро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
Ба гуфтаи ин низомии аршади артиш, нахуст волии вилояти Ҳирот, қумондони амнияти вилоят, қумондони кулли урдуи вилоят ба ҷониби Толибон* мегузаранд*

"Ин афрод Исмоилхонро ба як ҷаласа даъват мекунанд ва баъдан Толибонро* низ даъват мекунанд, ки мо таслим ҳастем. Исмоилхон, ки бидуни силоҳу лавозимот ба ин ҷаласа омада буд, дигар коре карда наметавонад ва асир меафтад", - гуфт манбаъ.

Ӯ гуфт, замоне, ки барои наҷоти Ҳирот Исмоилхон мубориза мебурд, ҳатто ниҳодҳои аршади амниятии вилоят низ кумак накарданд ва аз Кобул низ касе нарафт.
"Ин як тарҳ будааст. Ин тарҳ шояд сари Дӯстум ва сари дигар нафар роҳандозӣ шавад. Ин нақша аст, ки қумондонҳоро тоза кунанд ва худашон сари мардум ҳукумат кунанд", - таъкид кард манбаъ.
Амир Муҳаммад Исмоилхон, волиии собиқи минтақаи Ҳироти Афғонистон ва яке аз чеҳраҳои намоёни ин кишвар субҳи 13 август ба дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* асир афтод.
Ҳамзамон, бархе аз манобеъ хабар медиҳад, ки волии Ҳирот, фармондеҳи кулли урду, муини аршади вазорати корҳои дохила ба асорат науфтоданд, балки бо гурӯҳи Толибон* ҳамроҳ шуданд.
Первое интервью Амир Исмаилхана после пленения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Нахустин суханони Амир Исмоилхон баъд аз асир афтоданаш ба дасти Толибон* - видео
Аммо мақомоти расмии Афғонистон то ҳол ин маълумотро шарҳ надодааст ва аз асорати Амир Исмоилхон чизе нагуфтааст.
Муҳаммад Исмоил Хон дар Шинданди Ҳирот таваллуд шудааст. Ӯ сиёсатмадор, раҳбари ҷиҳодӣ, волии Ҳирот ва вазири собиқи энергетика ва оби Афғонистон дар ду давраи ҳукумати Ҳомид Карзай буд.
Бояд гуфт, ки қаблан дар солҳои 1997 Толибон* Исмоилхонро дар давоми се сол дар асорат нигоҳ доштанд.
Ҳирот, саввумин шаҳри бузурги Афғонистон, дирӯз ба дасти Толибон* афтод. Қаблан Ғазнӣ низ ба дасти Толибон* афтода буд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала