Таркиши автобус бо одамон дар Воронеж: видеои фоҷиаи мудҳиш

Дар натиҷаи ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расида, 18 тани дигар маҷрӯҳ шуданд
Як автобуси мусофирбарии ПАЗ дар наздикии маркази савдои "Чижов Галерея" дар Воронеж таркид. Дар натиҷаи ин ҳодиса як зан ба ҳалокат расида, 18 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар навори сабткардаи, яке аз мошинҳои дар таваққуфгоҳ истода дида мешавад, ки чӣ тавр одамон дар истгоҳ ба автобус медароянд.
Пеш аз оғози ҳаракат автобус якбора метаркад ва ҳатто аз зарбаи таркиш дару тирезаҳояш мепарад. Дар сонияҳои баъдӣ мардум аз тарс аз мошин берун мешаванд.
Сабаби таркиш ҳоло маълум нест ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса ба кор идома медиҳанд. Ҳоло автобуси мунфаҷиршуда канори роҳ кашида шуда, ҳаракат барқарор ва кӯчаро аз партовҳо тоза мекунанд.
Оид ба далели ҳолати фавқулодда бар асоси риоя накардани талаботи бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Муфаттишон ва криминологҳо аз Маскав ба Воронеж барои таҳқиқ рафтанд.
Ронанда тасдиқ кард, ки автобус бо сӯзишвории дизелӣ кор мекард. Гуфта мешавад, ки ба зарардидагон ҷубронпулӣ дода мешавад.
Пас аз ҳодиса дар Воронеж, ҳамаи нақлиёти мусофирбар тафтиш карда мешаванд. Ба ронандагон, механикхо ва хизматчиёни автобазахо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала