Вазорат гуфт, фавт нест: беморони COVID - 19 кам шудаанд, феълан 298 нафар гирифторанд

© Саҳифаи Вазорати тандурустӣ дар FacebookВазири тандурустӣ ба дидорбинии беморони коронавирус рафт
Вазири тандурустӣ ба дидорбинии беморони коронавирус рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Шабонарӯзи 12 август дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, мегӯянд мақомоти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки шабонарӯзи 12 август дар ҷумҳурӣ 68 ҳолати ҷадиди гирифторӣ ба COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.
Бар асоси омори нашркардаи ин ниҳод, шумораи гирифторшудаҳо дар қиёс бо теъдоди табобатёфтаҳо дар як шабонарӯз камтар мебошад. Таъкид шудааст, ки дар як шабонарӯзи гузашта 81 нафар шифо ёфтаанд.
В миграционном центре в деревне Сахарово началась вакцинация трудовых мигрантов от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифт
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар шабонарӯз ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Охирин ҳолати марг аз коронавирус расман дар ҷумҳурӣ 10 август сабт шуда, дар маҷмуъ теъдоди фавтидагон аз ин маризӣ 123 нафар арзёбӣ шудааст.
Тибқи омори расмӣ, аз аввали хуруҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ то оғози 13 август маҷмӯан 15 ҳазору 930 сироятшуда сабт гардидаанд. Аз ин 15 ҳазору 509 нафар шифо ёфтаанд. Аз ин омор бармеояд, ки феълан дар ҷумҳурӣ 298 нафар гирифтори коронавирусанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала