ВКД шахсияти қурбониёни садама дар ВМКБ - ро гуфт

© Sputnik / Нозим КаландаровПост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳуввияти қурбониёни садамаи мудҳиш дар ноҳияи Дарвозро эълон кард, ки аъзои як хонаводаанд
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 12 август, тахминан соати 03:00, худрави "Лексус" таҳти идораи Шодибек Зераков, сокини 41 - солаи ноҳияи Ишкошим ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ ба дарёи Панҷ чаппа шудааст. Таъкид гардидааст, ки садама дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз дар пайи аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда рух додааст.
Ба иттилои ВУД, дар натиҷа, худи ронанда ва 4 мусофираш ба ҳалокат расидаанд. Мақомот аз ҳалокшудагон аъзои як хонавода, аз ҷумла падар, модар ва писару дигар пайвандон ном мебаранд, ки бо ҷанозаи яке аз наздиконашон барои маросими гӯру чӯб ба Ишкошим раҳсипор будаанд.
Ба иттилои ВУД, мошин ҳомили ҷасади марҳум Абдураҳмонова Басик, соли таваллудаш 1939, сокини ноҳияи Ишкошим будааст, ки дар шаҳри Душанбе бо сабаби беморӣ вафот кардааст.
Садамаи автобуси мусофирбар дар шаҳри Хуҷанд. Шарҳи ВКД Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Чигуна автобус се мошини сабукраву ошхонаро зер кард? шарҳи ВКД - видео
Аз мусофирони дигар - Муродмаҳмадова Соҳибнисо ва Ҳайдарбеков Толибек, ҳардуяшон 53-сола, писарашон Ҳайдарбеков Вафои 29-сола, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ном бурда шудааст. Миёни қурбониён инчунин пайванди дигари ин хонавода Мазабшоев Руслан, сокини 25-солаи ноҳияи Ишкошим будааст.
Манбаъ афзуд, ки аз соҳили дарё, дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз ҷасади Ҳайдарбеков Вафо ва Муродмамадова Соҳибнисо ва ҳамчунин сандуқи чӯбин бо ҷасади Абдураҳмонова ёфт шудааст.
Ба иттилои ВУД, барои пайдо намудани ҷасади қурбониёни дигар корҳо идома доранд.
Мақомоти умури дохилӣ афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0