Даромади муҳоҷирон дар Русия якбора боло рафт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксБанкноты номиналом 1000 рублей
Банкноты номиналом 1000 рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Дар Русия беҳтарин нишондоди интиқоли пул ба кишварҳои ИДМ дар се соли охир сабт кард
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия якбора афзоиш ёфт. Дар ин бора "Коммерсант" хабар медищад.
Ҳамин тариқ, моҳи июн шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия кор мекунанд, ба ватан 720 миллион доллар интиқол доданд - ин беҳтарин нишондод дар се соли охир аст, менависад рӯзнома.
Мувофиқи маълумоти Бонки марказӣ, аз моҳи январ то май ҳаҷми миёнаи моҳонаи маблағҳои ба кишварҳои ИДМ интиқолёфта, тақрибан ба 500 миллион доллар баробар буд. Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз кам шудани вуруди муҳоҷирон ба Русия, интиқоли маблағҳо меафзояд.

"Дар пасманзари баста шудани марзҳо рақобат дар бозори меҳнат афзоиш ёфт. Дар як қатор ихтисосҳо, пардохт ба муҳоҷирон аллакай ба сатҳи маоши шаҳрвандони Русия расидааст", - гуфт Иван Ситнов, директори хадамоти интиқоли маблағ:

Ин тамоюл пеш аз ҳама ба татбиқи лоиҳаҳои миллӣ дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор вобаста аст, чун ин ҷо бештар ба нерӯи кории хориҷӣ ниёз доранд, мегӯяд Иля Жарский, шарики роҳбарикунандаи гурӯҳи коршиносони Veta.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Ҳушдори вазорати меҳнат ба муҳоҷирон: то 30 сентябр буду бошатонро дар Русия қонунӣ кунед
Ҳамзамон мақомоти Русия борҳо дар бораи камбуди муҳоҷирон дар сохтмонҳои ин кишвар изҳор доштаанд. Ба гуфти муовини сарвазир Марат Хуснуллин, Федератсияи Русия ба 1,5-2 миллион хориҷиён ниёз дорад.
Вай қайд кард, ки пас аз авҷи коронавирус, афзоиши таварруми сохтмон мушоҳида мешавад, бинобар ин нархҳо баланд хоҳад шуд.
В Москве отложили мониторинг за таксистами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
ВКД Русия гуфт, ки кадом муҳоҷирон бештар шаҳодатномаҳои ронандагии қалбакӣ мехаранд
Қаблан Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирони корӣ бо қаторҳои чартерӣ оварда шаванд. Як қатор метавонад тақрибан ҳазор нафарро ба кишвар биёрад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала