Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

ВАО: ИМА дар Афғонистон ба нобуд кардани ҳуҷҷатҳои махфӣ оғоз кард

© AP / Nasser NasserАмериканская военная авиабаза Айн Аль-Асад в Ираке
Американская военная авиабаза Айн Аль-Асад в Ираке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
CNN мегӯяд, намояндагии дипломатии ИМА дар Афғонистон ба нобуд кардани ҳуҷҷатҳои махфӣ пардохт
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Роҳбарияти Сафорати ИМА дар Афғонистон ба кормандон дастур додааст, ки маводи махфӣ, инчунин ашёҳоеро, ки Толибон* метавонанд барои мақсадҳои худ истифода баранд, нобуд кунанд.
Дар ин бора CNN бо истинод ба як манбаи дипломатӣ хабар дод.
Дар макола кайд карда мешавад, ки ин қарор дар робита ба наздик шудани Толибон* ба пойтахт вобаста аст.
Ба гуфти ҳамсӯҳбати нашрия, эҳтимол аст, ки Кобул дар давоми як ҳафта муҳосира шавад.
Герой России, командир самолета Ил-76 Владимир Шарпатов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Чашми ало" -и Толибон* ба Осиёи Марказӣ: суҳбати халабони аз асорат фироркарда
Ин манбаъ инчунин вазъро дар шаҳр бениҳоят муташанниҷ арзёбӣ кард ва афзуд, ки нақшаҳои намояндагии дипломатӣ пайваста тағйир меёбанд.
Бояд гуфт, рӯзи 13 август РИА Новости аз наздик шудани Толибон* ба пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул хабар дод. Гуфта шуд, ки ҷангиён 50 километр дуртар аз пойтахт қарор доранд.
Толибон* ба Кобул наздик шуданд
Онҳо ноқилҳои барқиро канда ва пойтахтро бидуни барқ дар инзивоъ қарор доданд.
Дар Афғонистон муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон*, ки моҳҳои ахир дар саросари кишвар қаламравҳои назаррасро ишғол кардаанд, чанд сол боз идома дорад.
 Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Даъвати Гуттереш аз Толибон*: забти қудрат ба зӯрӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ мешавад
Вазъият дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шадид шуд. Вазорати умури хориҷии Русия ин тасмимро эътирофи нокомии миссияи Амрико дар Афғонистон номид.
* -Ташкилоти террористӣ дар Русия мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала