"Аз Русия мошин меорам": шикоят алайҳи марде, ки 70 ҳазор долларро гирифта, намегардонад

© Пресс-служба ГКНБИзъятые деньги у подозреваемого в нарка деятельности
Изъятые деньги у подозреваемого в нарка деятельности  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи сокини 34-солаи шаҳри Душанбе ба ин ниҳод ду аризаи шикоятӣ ворид гардидаанд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Марди 30-сола аз Душанбе ба идораи милисаи дар ноҳияи Сино муроҷиат карда, арз доштааст, ки зимни азми мошинхарӣ ҳадафи фиреб қарор гирифтааст.
Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки аввалҳои моҳи феврали соли 2020, дар назди бинои истиқоматиаш дар ноҳияи Синои пойтахт, марди 34-сола, сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоиро гирифтаст.
Пулгиранда ваъда додааст, ки ба иваз аз Русия мошини "Тойота Кемрӣ" оварда медиҳад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Значок немецкого концерна Мерседес на автомобиле, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2021
Ифтитоҳи парванда алайҳи ду муттаҳам барои қаллобӣ: яке мошин гирифтасту пулашро намедиҳад
Ба иттилои ВУД муттаҳам бо ҳамин роҳ аввалҳои моҳи феврали соли 2020, дар кӯчаи Ҳайёти-Нав ба боварии марди 39-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоиро гирифтаст. Ба соҳиби пул ваъда додааст, ки аз Русия барояш мошоини "Тойота Лендкрузер-200" оварда медиҳад.
ВУД мегӯяд, марди 34-сола дар ҳолати дуюм низ ба ваъдааш вафо накарда, пулҳои гирифтаашро ба манфиати худ сарф кардааст.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Назари ҷониби муттаҳам дар бораи ин қазия маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала