Се рӯзи хатар: ҳушдор аз фаромадани сел дар навоҳии Суғд ва ВМКБ

© PixabayСелевой поток
Селевой поток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Обуна шудан
Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз хатари фаромадани сел мегӯяд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ба навоҳии гуногуни вилояти Суғд ва Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани сел таҳдид мекунад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзҳои 13 ва 16 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар баробари ин, рӯзҳои 15 ва 16 август дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад.
Дар ин рӯзҳо дар ҷануби кишвар ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ суръати вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония дар назар аст.
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Рӯзона бебориш, шабона салқин: ҳавои Тоҷикистон моҳи август чӣ гуна мешавад
Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои истироҳати 14 ва 15 август рӯзона ҳаво то 33-35 дараҷа гарм шуда, бод аз сӯи бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад.
Дар ноҳияиҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво рӯзона то +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар оғози ҳафтаи пешомада яъне рӯзи 16 август ҳарорат назар ба ҳафтаи гузашта пастар пешгӯй гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0