Ҳар рӯз ҳудуди 210 тоҷикистонӣ: киҳо аз ҳама зиёд шаҳрвандии Русия мегиранд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксВыдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна ҳудуди 210 тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд, бармеояд аз омори расмии имсола.
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тоҷикистониҳо аз рӯи теъдоди гирифтани шаҳрвандии Русия баъди Украина дар мақоми дуюм қарор доранд.
Аз оғози соли равон беш аз 44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русиягӣ шуда, аз рӯи теъдод дар зинаи дуюм ҷой гирифтаанд, бармеояд аз оморе, ки дар сомонаи ВУД Русия нашр шудааст.
Дар радаи аввал украиниҳо мебошанд, ки тайи ҳафт моҳи аввали соли равон 184 ҳазор нафарашон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд.
Узбекский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Гирифтани шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон осон мешавад: кӣ метавонад шиноснома гирад
Дар маҷмуъ ба шаҳрвандии Русия аз аввали соли равон 351 ҳазору 670 хориҷӣ қабул пазируфта шудаанд.
Дар ин миён ҳудуди 23 ҳазор нафар қазоқистонӣ мебошанд, ки макони нави зиндагияшонро Русия интихоб кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои қаблӣ низ шаҳрвандони Украина ва Тоҷикистон аз пешсафон дар гирифтани шаҳрвандии Русия буданд. Бар асоси омори расмӣ, бештари онҳое, ки шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд, аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди шӯравӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала