Даргузашти адабиётшиноси шинохтаи тоҷик: видоъ дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе пеш аз зуҳри 14 август бо адабиётшинос ва мутарҷими шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон видоъ карданд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе пеш аз зуҳри 14 август бо адабиётшинос ва мутарҷими шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон видоъ карданд
Адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Ҷумъабой Азизқулов шоми 13 август дар синни 87 дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Дар ин бораи Ато Мирхоҷа, ноиби раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст. Дар мавриди илллати марг иттилое ироа нагардидааст.
Бар асоси ҳолнома, Ҷумъабой Азизқулов 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент таваллуд шуда, соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.
Генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти генерал Атобек Имомёрбеков аз коронавирус
Азизқулов баъдан ба ҳайси ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррир, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст.
Рисолаи номзадияшро соли 1974 дар мавзӯи “Синдбоднома”-и Заҳирии Самарқандӣ ҳимоя карда, намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро низ таҳқиқу омодаи чоп кардааст.
“Пандномаи Синдбод” (1963), “Гулзори ҳикмат” (1966), “Китоби Ҳаким Синдбод” (1979, 2012) аз осори ӯ мебошанд.
Ба ҳайси тарҷумон осори зиёди адибони хориҷӣ, аз ҷумла қиссаву романҳои В.Шукшин “Суҳбати маҳтобшаб” (1981), А.Олимҷонов “Пайкони Маҳамбет” (1984), “Корвон меравад сӯйи Офтоб” (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма “Се мушкетдор” ва “Граф Монте-Кристо”, асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс (“Бехонумон”), Н.Нерсесян (“Рустаму Дилоро”), Я.Гашек (“Саргузашти сарбози чолок Швейк”), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос, Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Лентаи хабарҳо
0