Замони баргузории бозиҳои зимистонаи олимпӣ маълум шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксФакелы с Олимпийским огнём во время эстафеты Олимпийского огня
Факелы с Олимпийским огнём во время эстафеты Олимпийского огня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2021
Пас аз шаш моҳ дар Пекин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Замони баргузории бозиҳои зимистонаи олимпӣ маълум шуд.
Тавре Кумитаи миллии олимпиии Тоҷикистон хабар медиҳад, то Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 камтар аз шаш моҳ боқи мондааст.
Намояндагони Чин изҳор доштаанд, ки ба баргузории ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ омодаан.
"Мо аз Бозиҳо дар Токио бисёр чизҳоро омӯхтем ва уҳдадор мешавем, ки Бозиҳои бехатар ва амнро дар Пекин таъмин кунем, — гуфтааст Янг Ян, раиси Комиссияи варзишгарони Пекин-2022.
Омодаем беҳтарин варзишгарони ҷаҳонро дар Чин истиқбол кунем ва ҳаяҷони Бозиҳои олимпиро барои тамошобинони ҷаҳон дубора эҳё намоем, афзудааст вай.
Кубок мира по самбо в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Самбо ба рӯйхати бозиҳои олимпӣ шомил шуд
Дар Пекин ҳамаи иншооти варзишӣ, ки ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ пешбинӣ шуда буданд, омодаанд ва аксарият аз ҷониби федератсияҳои дахлдори байналмилалӣ тасдиқ шудаанд. Силсилаи 10 чорабинии санҷишӣ аз моҳи октябр то декабр гузаронида мешаванд.
Пекин-2022, инчунин баъзе мусобиқаҳои намудҳои зимистонаро (конкитоз, хоккей ва кёрлинг) дар иншооте, ки ҳангоми Бозиҳои олимпии Пекин-2008 истифода шуда буданд, баргузор хоҳад кард
. Аз ҷумла, Варзишгоҳи миллӣ, ки бо номи "Лонаи паранда" дар соли 2008 барои маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавӣ истифода шуда буд.
24-умин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешаванд. Пекин дар таърихи ҳаракати олимпӣ аввалин шаҳре хоҳад шуд, ки ҳам Бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад.
Церемония открытия XXXII летних Олимпийских игр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Амрикоиҳоро аз бозиҳои одилонаи олимпӣ хориҷ карданд
Бар барномаи Бозиҳои Пекин-2022 ҳафт намуди варзиш (15 равияи варзиш) ворид шудаанд. Беш аз 4000 варзишгар аз қариб 100 давлати ҷаҳон барои 109 маҷмӯи медалҳо талош хоҳанд варзид.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022 ду варзишгарро дар намуди лижаронии кӯҳӣ – Ғоибов Баҳриддин ва Саидашраф Эшонов – аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунад ва онҳо ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки аз моҳи октябр шуруъ мегардад, омодагӣ мебинанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала