Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Кобул хост, кишварҳо сафиронашонро тахлия кунанд

© AFP 2021 / -Ситуация в Афганистане
Ситуация в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2021
Намояндагиҳои дипломатии бисёр кишварҳо, дар заминаи наздикшавии ҷангҷӯён ба пойтахт, фавран Афғонистонро тарк мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Кобули расмӣ ба ҳама намояндагиҳои дипломатӣ дархост кард, ки фавран тарки кишвар кунанд. Ин дархост бо шиддат ёфтани бениҳояти вазъи кишвар марбут аст: Толибон қариб ба пойтахт наздик шуданд.
Бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда, онҳо аллакай 20 километр дуртар аз Фурудгоҳи Байналмилалии Кобул қарор доранд.
Устод Ато Муҳаммади Нур ва Маршал Дӯстум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Роҳи мо поён намеёбад”: Устод Ато ва маршал Дӯстум дар Ӯзбекистон
Хабар дода мешавад, ки амнияти дипломатҳоро ҳангоми хуруҷ нерӯҳои Амрико ва Британияи Кабир таъмин мекунанд.
Ҳамчунин маълумоте паҳн шудааст, ки дар як канори Кобул нерӯҳои Толибон (ҳаракати экстремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - идора) -ро аз ҳаво ҳамла кардаанд. Бино бар иттилои пешакӣ, нерӯҳои ҳавоии Амрико онҳоро тирборон кардаанд.
Чехия, Британияи Кабир, ИМА, Италия ва як қатор кишварҳои дигар аз рурра кӯчонидани сафиронашон хабар додаанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон намояндагиҳои худро дар Мазори Шариф, Файзобод ва дар вилояти Бадахшон бастааст. Маълумот дар бораи бозхонди дипломатҳо ҳанӯз нашр нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала