Толибон тамоми марзҳои Афғонистонро таҳти контрол гирифтанд

© REUTERS \ Jim HollanderТабличка с надписью "Талибы" на юге Афганистана
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2021
Обуна шудан
Бино ба гузоришҳои матбуоти хориҷӣ, Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) тамоми постгоҳҳои марзиро таҳти назорат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" навиштааст, ки Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) тамоми гузаргоҳҳои марзии байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояро комилан таҳти назорат гирифтаанд.
Рӯзи якшанбе афроди мусаллаҳ Торхамро, ки серодамтарин гузаргоҳи марзии Афғонистону Покистон буд, ишғол карданд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, танҳо аз фурудгоҳи Кобул тарки кишвар кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, ӯро низ Толибон иҳота мекунанд.
Подразделения коммандос Афганской национальной армии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон Ҷалилободро гирифтанд
Нерӯҳои амрикоӣ ва бритониёӣ барои бепарво рафтани дипломатҳои хориҷӣ ба бандари ҳавоӣ сафарбар карда шудаанд. Бояд қайд кард, ки ин маълумот бо маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мувофиқат намекунад.
Ба гуфтаи намояндагии дипломатии Ӯзбекистон, пули дӯстӣ барои бозгашти ҳамватанон боз аст.
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон ҳамчунин қайд мекунад, ки дар канори ин пул, ки ҳангоми ақибнишинӣ аз ҳамлаи Толибон ба марзҳо наздик шудаанд, нерӯҳои зиёди низомии ҳукуматӣ ҳузур доранд.
Лентаи хабарҳо
0