Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Амрико ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон бештар мекунад

© Sputnik / Владимир ПироговАмериканские военнослужащие у транспортного самолета
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзҳои наздик ҳазорон амрикоиҳо ва кормандони сафорати худро, ки аз миёни сокинони маҳаллии Афғонистон киро шудаанд, берун мебароранд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Шумораи сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон дар тӯли 48 соат ба 6000 нафар расонида мешавад.
Тавре Департаменти давлатӣ ва Пентагон изҳор доштаанд, мақсад аз ин иқдом "мусоидат ба интиқоли амрикоиҳо ва афғонҳоест, ки ба онҳо кумак мекарданд".
Военный вертолет во время выставки вооружения в Кабуле, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Афғонистон дар дасти Толибон*: ҳозир чӣ рух дода истодаст
"Мо ҳамчунин идораи ҳаракати ҳавоиро ба дӯши худ мегирем", - омадааст дар изҳорот.
"Дар тӯли 48 соати оянда ҳузури амниятии мо тақрибан бо 6000 сарбоз афзоиш хоҳад ёфт, ки вазифаи онҳо танҳо мусоидат ба ин талошҳост- интиқоли амрикоиҳо ва афғонҳое, ки ба онҳо кумак кардаанд ва мо инчунин идораи ҳаракати ҳавоиро ба уҳда мегирем".
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзҳои наздик ҳазорон амрикоиҳо ва кормандони сафорати худро, ки аз миёни сокинони маҳаллии Афғонистон киро шудаанд, берун мебароранд. Онҳо инчунин ба интиқоли ҳазорон нафар афғонҳое, ки ба артиши Амрико кумак кардаанд, суръат мебахшанд.
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Талоши сӯиқасд ба ҷони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай: Толибон* ҷилавгирӣ карданд
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъулияти пурраи назорати ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Кобулро бар дӯш хоҳанд гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала