Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ашраф Ғанӣ баъд аз фирораш аз Афғонистон дар Facebook Толибонро танқид кард

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Афганистана Ашраф Гани
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Собиқ раисҷумҳури Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ дод, ки чаро аз мақомаш истеъфо додааст ва кишварро тарк кард
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон дар як баёнияе дар саҳифаи Фейсбукаш барои Толибон*, ки қудратро дар ин кишвар ба даст гирифтанд, "озмоиши нави таърихӣ" -ро пешгӯӣ кард.
Ашраф Ғанӣ, ки аз мақоми президенти Афғонистон истеъфо дод ва аз кишвар фирор кард, гуфт, аз ин ба баъд ҷангҷӯёни Толибон* аз "шараф, моликият ва ҳифзи" мардуми Афғонистонро масъул мебошанд.
"Онҳо натавонистанд қалби мардумро ба даст оранд. Ҳеҷ гоҳ дар таърих қувваи зурӣ ба касе расмият надодааст ва нахоҳад дод", - навиштааст Ғанӣ дар Фейсбук.
Вай ишора кард, ки ҳоло Толибон*-ро "озмоиши нави таърихӣ интизор аст: ё онҳо ном ва шарафи Афғонистонро ҳифз хоҳанд кард, ё ба ҷой ва шабакаҳои дигар афзалият хоҳанд дод."
Ғанӣ шарҳ дод, ки чаро тасмим гирифт, ки истеъфо диҳад, Ғани гуфт, ки намехоҳад ба хунрезӣ роҳ диҳад, зеро Толибон* возеҳ гуфтаанд, ки онҳо барои сарнагун кардани ӯ ба "ҳамла ба тамоми Кобул" омодаанд. "Барои пешгирӣ аз марг, ман тасмим гирифтам, ки кишварро тарк кунам" - гуфт Ғанӣ.
Президенти собиқи Афғонистон дар паёми худ таъкид кардааст, ки минбаъд низ "ба халқаш хидмат хоҳад кард".
Ба навиштаи бархе аз расонаҳо, Ғанӣ аз Афғонистон ба Ӯзбекистон ё Тоҷикистон парвоз кардааст. Дар парвоз ӯро ҳамсараш ва ду мушовири наздик ҳамроҳӣ мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии Кобул иттилоъ додааст, ки Ғанӣ дар кишвари Уммон аст ва ӯ ба ҷо бо ҳавопаймо аз Тоҷикистон омадааст.
Қаблан дар интернет наворҳое, ҳам пайдо шуда буд, ки нишон медиҳад президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк мекунад.
*- созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала