Даргузашти Абдурасулов, собиқадори ҷанги Афғонистон аз “вируси корона”

© аз бойгонии Абдумаҷид АбдурасуловАбдумаҷид Абдурасулов, собиқадори ҷанги Афғонистон ва узви Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти Хуҷанд
Абдумаҷид Абдурасулов, собиқадори ҷанги Афғонистон ва узви Шӯрои  ҷанговарони интернатсионалисти Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Абдумаҷид Абдурасулов, собиқадори ҷанги Афғонистон ва узви Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти Хуҷанд дар синни 69 – солагӣ бар асари бемории “вируси корона” даргузашт
ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik. Абдумаҷид Абдурасулов чанд рӯзи охир дар Бемористони клиникавии вилояти Суғд аз беморӣ табобат мегирифт, вале 15 август дунёро падруд гуфт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Муқимҷон Қобилов, раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалист дар шаҳри Хуҷанд хабар дод.
“Аз шунидани ин хабари шум мо ҳайратзада шудем, аммо чи илоҷ, ки умру рӯзи мо ҳама ба дасти Парвардигор аст”, - гуфт Қобилов.
Ҷанозаи Абдумаҷид Абдурасулов 15 август дар қабристони маъруф ба “Меҳринисо” - и Хуҷанд бо иштироки пайвандон ва дӯстонаш ба хок супурда шуд.
Четки в руках верующего - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Яке аз роҳбарони собиқадор дар Хатлон даргузашт: аз коронавирус азият мекашид
Беморхонаи клиникавии Суғд, ки Абдурасулов дар он табобат мегирифт, аз оғози моҳи июли соли ҷорӣ ба реҷаи карантинӣ гузашта ва ҳоло дар он гирифторони бемории коронавирус муолиҷа мешаванд.
Абдумаҷид Абдурасулов 26 декабри соли 1952 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1975 баъд аз хатми шуъбаи форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, дар Шӯрои туризм ба кор оғоз намудааст.
Баъди адо намудани хизмати ҳарбӣ низ фаъолияташро дар Шӯрои сайёҳии кумиҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Суғд идома додааст. Абдурасулов ду дафъа - солҳои 1981 – 1983 ва 1986 -1988 ба Афғонистон сафар карда, ҳамчун афсар-тарҷумон дар қисмҳои низомии дараи Панҷшери ин кишвар хидмат намудааст.
Ӯ барои мардонагӣ ва шуҷоат дар майдонҳои набард бо душман ду маротиба аз ҷониби Президуми олии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ордени “Ситораи Сурх” муофотонида шудааст. Ҳамчунин бо медали “Ба ҷанговари интернатсионалист аз халқи миннатдори афғон” ва медалҳои ҷашнӣ қадрдонӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала