Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

“Ғанӣ гум шудааст”: касе намедонад, ки президенти Афғонистон куҷост

© Пресс-служба Президента РТГлава Афганистана Ашраф Гани
Глава Афганистана Ашраф Гани  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Обуна шудан
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти Афғонистон, зимни як паём аз худ дарак дод, аммо аз маҳалли будубоши худ нагуфт ва ягон манбаъи расмӣ ба таври мусассақ макон ё кишвареро, ки ӯ фирор кардааст, дақиқ ном намебарад
ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолаҳаи миллии Афғонистон, дар як паёми видеоӣ тариқи сафҳаи фейсбукиаш хабари фирори Ашраф Ғаниро таъйид намуда, гуфт, раисҷумҳури пешин кишварро тарк кард ва кишвару миллатро дар чунин як ҳол қарор дод.
“Худованд ҳамроҳаш муҳосиба мекунад ва мардуми Афғонистон ҳам қазовати худро хоҳанд кард”, - гуфт Доктор Абдуллоҳ. Аммо мавсуф дақиқан нагуфт, ки Ашраф Ғанӣ маҳз ба кадом кишвар рафта ё паноҳ бурдааст.
Саҷҷод Нуристонӣ, корманди дастгоҳи президенти Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ашраф Ғанӣ пас аз истеъфо рафтан тариқи тайёра ба Тоҷикистон парвоз кардааст, то аз ин роҳ ба ягон кишвари сеюм равад.
“Ӯро Ҳамдулло Муҳиб, раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ, раиси дастгоҳи президенти Афғонистон ҳамроҳӣ мекунанд”, - гуфт Нуристонӣ.
Ин хабарро ҳеҷ як аз манобеъи расмӣ дар Тоҷикистон таъйид накард, балки бархе онро рад намуданд. “Эҳтимолан, ин як гуна хабарпароканӣ ба хотири дур кардани таваҷҷӯҳи рақибони президенти Афғонистон аз масири аслии сафари ӯ бошад”, - гуфт як манбаъ.
Глава Министерство обороны Афганистана Бисмиллахан Мухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Бисмиллоҳхон: президент ҳамаи салоҳиятҳоро ба бузургон вогузор кард - видео
Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ гуна тайёраи ширкати Kam Air – и Афғонистон дар ин фурудгоҳ нанишаста, ҳеҷ парвозе ҳам аз Душанбе ба Истамбулу Туркия набуд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷии Афғонистон низ аз маҳалли будубоши Ашраф Ғанӣ изҳори беиттилотӣ кард.
Бархе манобеъ ҳам бо Sputnik Тоҷикистон иттилооти ҷолиберо ба миён гузоштанд, ки бино ба онҳо, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай на тариқи Тоҷикистон, балки тариқи Эрон, худро ба Уммон расондааст. Аммо иттилои дигаре, ки аз манобеъи расмӣ дар Афғонистон ба даст омад, ин аст, ки президенти Афғонистон ба Ҳинд сафар карда, аз он ҷо ба Туркия рафтааст.
Бегоҳи рӯзи гузашта бархе манобеъ ба масобаи гузориши дақиқ ин иддаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карданд, ки тайёраи ҳомили Ашраф Ғанӣ дар Тоҷикистон иҷозаи нишаст наёфт ва дигарбора ба Кобул баргашт.
“Вай акнун дар сафорати Амрико паноҳ бурдааст”, - навиштанд ин манобеъ.
Дертар худи Ашраф Ғанӣ дар сафҳаи фейсбукиаш ба мардуми Афғонистон муроҷиат карда, гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезиҳо дар Кобул истеъфо дода, кишварро тарк кардааст.
Толибон* ба сароҳат изҳор доштанд, ки мехоҳанд ба тамоми Кобул ҳамла кунанд, то маро сарнагун созанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ин хунрезӣ, тасмим гирифтам, биравам”, - гуфт ӯ.
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2021
Толибон тамоми марзҳои Афғонистонро таҳти контрол гирифтанд
Аммо аз ин изҳороти ӯ низ маълум намешавад, ки ӯ дар куҷост – дохили Афғонистон ё хориҷ аз он. Як манбаъ ҳам ба таври шӯхиомез изҳор дошт, ки дар ҳоли адами иттилооти дақиқ мешавад гуфт, Ғанӣ гум шудааст. Толибон* бегоҳи рӯзи гузашта, 15 август, вориди Арки Кобул, дафтари кории президенти Афғонистон шуда, аз ишғоли пойтахти Афғонистон хабар доданд. Ҳоло онҳо ба ҷуз ду вилоят – Панҷшер ва Бомиён дар бақия 32 вилояти Афғонистон қудратро ба даст гирифтаанд.
Толибон* қариб 20 соли пеш 13 ноябри соли 2001 дар пайи як амалиёти бузурги эътилофи байнулмилалӣ таҳти раҳбарии Амрико ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Кобулро тарк карда буданд.
Қарор аст, имрӯз, 16 август, онҳо расман қудрат дар Афғонистон дар як маросим таҳвил бигиранд.
*- созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон
Лентаи хабарҳо
0