Исмоил Хон “Амири Ҳирот” ба шаҳри Машҳади Эрон рафт

© FMАмир Исмаил Хан попал в плен к талибам
Амир Исмаил Хан попал в плен к талибам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Муҳаммад Исмоилхон, яке аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон пас аз асир шуданаш аз ҷониби Толибон* шаби гузашта вориди шаҳри Машҳад шуд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бархе расонаҳо хабар додаанд, ки Амир Исмоил Хон, пири коркушта бори дувум аз асорати Толибон фирор кардааст. Вай шаби гузашта (15 август) вориди шаҳри Машҳади Эрон шудааст.
Вай дар даргириҳо бо Толибон* дар Ҳирот зинда монд ва баъдтар аз ҷониби ин гурӯҳ дастгир шуд ва пас аз таслим шудан озод карда шуд.
То ҳол, маълум нест, ки Амир Исмоилхон чӣ гуна ба Эрон расидааст.
Амир Исмоилхон пас аз чанд ҳафта ҷангидан дар шаҳри Ҳирот бо Толибон асир афтод.
Пас аз суқути Ҳирот ба Толибон*, ҷангҷӯёни ин гурӯҳ аксу видеои Муҳаммад Исмоилхонро нашр карданд. Исмоилхон дар навори интишоркардаи ин гурӯҳ гуфт: "Умедворам, ки мо метавонем дар Афғонистон фазои сулҳ эҷод кунем".
Ӯ қаблан солҳои тӯлонӣ дар Машҳад зиндагӣ мекард.
*- созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала