Кобулов дар бораи эътирофи ҳукумати Толибон* ва нақшаи "В"-и Русия дар мавриди Афғонистон

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксСпециальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Русия дар эътирофи ҳукумати Толибон* саросема несту нияти берун кардани онҳоро аз феҳрасти созмонҳои террористӣ надорад
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Русия дар мавриди вазъи Афғонистон нақшаи эҳтиётии "Б"-ро низ дорад, изҳор дошт фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, Замир Кобулов зимни суҳбат бо "Эхо Москвы".
"Нақшаи "Б" ҳамеша дорем, ҳам дар сар ва ҳам дар дил, аммо саросема нестему худро аз як канор ба канори дигаре намезанем. Феълан мувофиқи нақшаи "А" амал карда истодаем", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Кобулов, ғасби Кобул барои Русия ғайриинтизор набуд, аммо интизори муқовимати бештари нерӯҳои ҳукуматиро дошт, ки "бо тири аввал, ҳамаро партофта, гурехтанд".
"Мо дар баҳогузории сифати нерӯҳои ҳукуматӣ, ки амрикоиҳо ва НАТО омода кардаанд, хеле хушбин будем", - таъкид намуд фиристодаи раисиҷумҳури Русия.
Ӯ дар мавриди эътирофи Толибон* изҳор дошт, ки ҳама чиз аз амали ҷангҷӯён дар идораи давлат вобаста аст, ки дар ояндаи наздик чигуна рафтор хоҳанд дошт.
Дипломати Русияг таъкид намуд, ки дар мавриди берун кардани ҳаракати Толибон* аз феҳрасти созмонҳои террористӣ феълан сухан намеравад. Ин раванд бояд аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ роҳандозӣ гардад.
Толибон*, ки тамоми марзҳои Афғонистонро ишғол карданд, ахиран эълон доштанд, ки Кобулро низ гирифтаанду дар Кохи раисиҷумҳур қарор доранд.
Пассажиры направляются к зоне вылета Международного аэропорта Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Расонаҳо мегӯянд, Ғанӣ дар Ӯзбекистон аст: Сафорат гуфт, чунин иттилоъро надорад
Ҳоло онҳо ба ҷуз ду вилоят – Панҷшер ва Бомиён дар бақия 32 вилояти Афғонистон қудратро ба даст гирифтаанд.
Толибон* қариб 20 соли пеш 13 ноябри соли 2001 дар пайи як амалиёти бузурги эътилофи байнулмилалӣ таҳти раҳбарии Амрико ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Кобулро тарк карда буданд.
Қарор аст, 16 август, онҳо расман қудрат дар Афғонистон дар як маросим таҳвил бигиранд.
*- созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала