Низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон фуруд омаданд

© Sputnik / Кирилл КаллиниковСамолет Airbus в небе
Самолет Airbus в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Обуна шудан
Ба ҳудуди Тоҷикистон бештар аз 100 низомии афғон ворид шуданд
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Ҳавопаймои низомиёни афғон ба Бохтар фуруд омад. Дар ин бора РИА Новости дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ қайд кард, ки ҳавопаймо пеш аз фуруд омадан сигналҳои SOS -ро додааст.
"Мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар, қарор дода шуд, ки ба сарбозони афғон дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар фуруд ояд ", - таъкид карданд аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
ВКХ афзудааст, беш аз сад сарбоз аз Афғонистон ба ин шаҳр фуруд омадаанд.
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи 201 -уми Русия дар Бохтар низ мустақар аст. Ин бузургтарин иншооти низомии Русия берун аз марзҳояш мебошад.
Пас аз он ки Толибони радикал, мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон, пойтахти Афғонистон Кобулро ишғол карданд, ҳазорон нафар бо хоҳиши тарки кишвар ба фурудгоҳи байналмилалии ин шаҳр шитофтанд.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қодиров аз Тоҷикистон хост ҳушёр бошаду аз хатари он тарафи марз ҳушдор дод
Ба гуфтаи директори бюрои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Маскав Абдусатор Эсоев, бархе аз онҳо дар бандари ҳавоӣ қарор доштанд, зеро ин маконро бехавф меҳисобиданд.
"Одамоне, ки дар минтақаи фурудгоҳ ҷамъ омада буданд, эҳтимолан бо фаҳмидани он ки вазъ ором аст, ба шаҳрҳои худ бармегарданд" , - гуфт ӯ.
Қаблан видеоҳо дар шабака паҳн шуда буданд, ки дар он шаҳрвандон саъй мекунанд ҳавопайморо аз ҳаракат боздоранд ва инчунин наворҳои афтодани онҳо аз баландии бузург ба назар мерасид.
Лентаи хабарҳо
0