Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду писарамак, ки ҳамдеҳаашонро сахт латукӯб карданд

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Онҳо бо маслиҳати пешакӣ ба як ҳамдеҳаашон дарафтодаанд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Темурмалик алайҳи ду писарамак парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ин ду хешованд бо маслиҳати пешакӣ як ҳамдеҳаашонро сахт латукӯб кардаанд.
Мальчик сидит на полу в комнате в доме города Мартакерт в Нагорном Карабахе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Модар фарзанди сесолаашро лату кӯб кардаву корд задааст: боздошт шуд
Ҳодиса субҳи 10-уми август рух додааст.
Тавре дар гузориши ВКД гуфта мешавад, "10-уми августи соли 2021, тахминан соати 07:30-дақиқа, марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик ҳангоми баргаштан аз чарогоҳи маҳаллаашон бо маслиҳати пешакӣ бо писари амакаш марди 28-солаи сокини ҳамин ҷамоат - марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ҷамоати мазкурро лату кӯб намудаанд".
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала