Тоҷикистону Чин тамринҳои муштарак доир мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевСовместные военные учения России, Узбекистана и Таджикистана
Совместные военные учения России, Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Обуна шудан
Дар ин бора вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтоёни чиниаш ба мувофиқа расидааст
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Тоҷикистон ва Чин дар шароити кӯҳсор машқҳои тактикии муштарак доир мекунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи душанбе, 16-уми август вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин бо роҳбарии Лю Юнфэн мулоқот кардааст.
"Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гузаронидани машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд" - менависад манбаъ.
Интизор меравад, ки тамринҳо аз 17 то 20 августбаргузор мегарданд.
Учения Центр-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Артиши Русия террористонро дар марзи Афғонистон бомбаборон мекунад: ҳоло танҳо дар тамрин
Инчунин, Раҳимзода ва Юнфэн масоили мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдрас мешавем, пештар машқҳои низомии муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон 10-уми август дар наздикии марз бо Афғонистон бо муваффақият анҷом ёфтанд.
Вазорати дифои Тоҷикистон бо нашри гузориш аз ҷамъбасти машқҳои муштарак таъкид намудааст, дар он беш аз 2,5 ҳазор низомӣ ва 25 чархболу ҳавопаймо иштирок намуданд.
Генерал полковник Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, размоиши муштарак бо Ӯзбекистон ва Русияро муваффақ хонда, илова намуд, ки тамоми вазифаҳои гузошташуда пеши низомиён иҷро гардиданд. Ӯ муътақид аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо тавони посух ба ҳар таҳдидро доранд.
Лентаи хабарҳо
0