Вазорати хориҷаи Тоҷикистон омадани Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистонро рад кард

© Sputnik / Амир ИсаевГлава Афганистана Ашраф Гани
Глава Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дар бораи омадани Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки раисҷумҳури пешини Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон наомадааст.
"Ҳавопаймо бо оқои Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва ба қаламрави кишвар фуруд наомадааст", - таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Вазорати умури хориҷа афзуд, ки Душанбе аз тарафи Афғонистон дархости дахлдор нагирифтааст.
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ашраф Ғанӣ баъд аз фирораш аз Афғонистон дар Facebook Толибонро танқид кард
Ёдовар мешавем, ки 15 август, пас аз ишғоли Кобул аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати радикалии Толибон (созмони террористӣ, мамнӯъ дар қаламравиРусия) раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард.
Дар расонаҳо хабарҳое пахш шуданд, ки собиқ раҳбари Афғонистон гӯё ба Тоҷикистон, сипас ба Уммон рафтааст. Баъдтар маълум шуд, ки ҳавопаймои сиёсатмадор ба Тошканд фуруд омадааст.
Пас аз тарки Ғанӣ Афғонистон дар кишвар ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ бар уҳда дорад.
Қарор аст, раҳбари дафтари сиёсии Толибон дар Қатар мулло Бародар раҳбари Афғонистон таъин шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала