Толибон: Афғонистон ба дигар кишварҳо таҳдиде нахоҳад кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузаштан ба хазинаи аксДелегация политического офиса движения "Талибан" (запрещено в РФ) в Москве
Делегация политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Сухангӯи гурӯҳи Толибон* таъкид доштааст, ки Афғонистон ба дигар кишварҳо таҳдиде нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Муҳаммаднаим Вардак, сухангӯи гурӯҳи Толибон*, ки дар Қатар ба сар мебарад дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Al-Jazeera, итминон додааст қаламрави Афғонистони ҷое барои таҳдиди афрод ё гурӯҳҳо алайҳи амнияти кишварҳои дигар нахоҳад буд.
Вай афзуд, ки Толибон мехоҳанд низоми исломии мустақилро дар Афғонистон ташкил диҳад, то битавонад ба ниёзҳои мардуми ин кишвар посух диҳанд ва ҳамеша дар хизмати мардум бошанд.
Муҳаммаднаим Вардак қайд кард, ки умедвор аст аз имрӯз ба баъд Афғонистон амн бошад ва мардум зиндагии орому осуда дошта бошанд.
Флаги Пакистана и Талибана* на границе двух государств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Афғонистон дар панҷаи Толибон: соатҳои аввали баъди тағйири қудрат дар аксҳо
Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Толибон ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала