Вазорати хориҷа: сафорати Тоҷикистон дар Кобул дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад

© Sputnik / JAKПразднование дня независимости в Кабуле
Празднование дня независимости в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, ки сафорати кишвар дар Кобул дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Кобул фаъолияташро идома додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷа.
“Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад”, — гуфтанд аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.
Рӯзи якшанбе иттилоъ расид, ки ҷангҷӯёни Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Глава Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон омадани Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистонро рад кард
Толибон ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки раисҷумҳури пешини Афғонистон Ашраф Ғанӣ баъд аз фирораш аз кишвар ба Тоҷикистон наомадааст.
"Ҳавопаймо бо оқои Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва ба қаламрави кишвар фуруд наомадааст", - таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Вазорати умури хориҷа афзуд, ки Душанбе аз тарафи Афғонистон дархости дахлдор нагирифтааст.
Глава Афганистана Ашраф Гани  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Ғанӣ гум шудааст”: касе намедонад, ки президенти Афғонистон куҷост
Ёдовар мешавем, ки 15 август, пас аз ишғоли Кобул аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати радикалии Толибон (созмони террористӣ, мамнӯъ дар қаламравиРусия) раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард.
Дар расонаҳо хабарҳое пахш шуданд, ки собиқ раҳбари Афғонистон гӯё ба Тоҷикистон, сипас ба Уммон рафтааст. Баъдтар маълум шуд, ки ҳавопаймои сиёсатмадор ба Тошканд фуруд омадааст.
Пас аз тарки Ғанӣ Афғонистон дар кишвар ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ бар уҳда дорад.
Қарор аст, раҳбари дафтари сиёсии Толибон дар Қатар мулло Бародар раҳбари Афғонистон таъин шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала