Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Аҳмад Масъуд хабари гурехтанашро рад кард: дар канори мардуми худ мемонам - видео

Писари қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд - Аҳмад Масъуд гуфт, на ҳамаи хабарҳои Facebook асос дорад
Аҳмад Масъуд фармондеҳи нерӯҳои хезиши мардумӣ дар Панҷшер қарор дорад. Дар ин бора ӯ ба Sputnik Афғонистон хабар дод.
Ӯ гуфт, на ҳамаи хабарҳои Facebook дурустанд.

"Дар канори мардум ҳастем ва боқӣ мемонем. Аксари хабарҳои Facebook бовар карданӣ нест", - гуфт ӯ.

Пештар хабар дода шуд, ки Аҳмад Масъуд фармондеҳи нерӯҳои хезиши мардумӣ Панҷшерро тарк кардааст. Ҳамчунин расонаҳо гуфтанд, Аҳмад ба мардуми ин вилоят супориш додааст, ки ягон маълумот дар бораи амалиётро, паҳн накунанд.
Бояд гуфт, Панҷшер ягона манотиқе боқӣ монда, ки зери назорати Толибон* нест. Ин минтақаи тоҷикнишине ҳаст, ки боре ҳам аз Толибон* мағлуб нашудааст.
Забти зодгоҳи Масъуд ва расидани Толибон ба Панҷшер: азми таслим нашудан ва ваъдахилофиҳо
Қаҳрамони миллии Афғонистон- Аҳмадшоҳи Масъуд маҳз аз ҳамин макон буд ва инак писараш Аҳмад Масъуд дар хатти набард қарор дорад.
Панҷшер дар замони муқовимати аввал алайҳи Толибон* (1996-2001) маркази асосии нерӯҳои Ҷабҳаи Муттаҳид таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Маҳз дар ин вилоят марокизи асосии низомӣ ва истихборотии ҷабҳа ҷойгир буданд.
Ҳамлаи печидаи Кобул: ҳадаф Бисмиллоҳ буд, Муҳсинӣ ё Аҳмад Масъуд?
Тамоми амалиётҳо аз теппаи Сарича, ҷое, ки фармондеҳи муқовимат ҳоло ба хоби абад рафтааст, идора мешуд.
Панҷшер вилояте дар шарқи Афғонистон аст, ки масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст. 7 вулусволӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир Панҷшер танҳо вилоятест, ки пои Толибон* ба қаламрави он нарасидааст.
* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия ва дигар кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала