Амруллоҳ Солеҳ худро роҳбари Афғонистон эълон кард

© AP / Rafiq MaqboolВице-президент Афганистана Амрулла Салех
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Сиёсатмадор гуфт, ки қудрат дар Афғонистон тибқи конститутсияи феълӣ ба ӯ мегузарад
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ноиби собиқ президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ худро раҳбари муваққатии давлат эълон кард.
Вай дар ин бора дар саҳифааш дар Твиттер хабар додааст.
"Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар сурати ҳузур надоштан, фирор, истеъфо ё марги президент, муовини аввали ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент мешавад", - навиштааст сиёсатмадор.
Солеҳ афзуд, ки ӯ дар қаламрави Афғонистон аст ва аз ин рӯ, тасмими ӯ комилан қонунист.
Сиёсатмадор афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ӯ барои машварат бо раҳбарони ҷаҳон тамос мегирад.
Қаблан Амруллоҳ Солеҳ аз шаҳрвандон даъват карда буд, ки ба муқовимат пайванданд ва Толибонро сарнагун кунанд.
Ёдовар мешавем, ки собиқ президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз мақоми сарвари давлат истеъфо дод ва кишварро ба самти номаълум тарк кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала