Арабистони Саудӣ Толибонро ба расмият шинохт

© REUTERS \ STRINGERСилы Талибана в Кабуле, Афганистан
Силы Талибана в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Обуна шудан
Бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки Арабистони Саудӣ гурӯҳи Толибон*- ро ба расмият шинохта аст
Душанбе, 17 август - Sputnik. Арабистони Саудӣ аввалин кишварест, ки Толибонро эътироф кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба як манбаи хабарӣ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Чин ва Русия эълом доштанд, ки барои ба расмият шинохтани Толибон* мунтазири рафтори онон дар рӯзҳои оянда ҳастанд.
Аммо то ҳанӯз давлати Арабистони Саудӣ ба таври расмӣ ба расмият шинохтани Толибон*-ро таъкид накардааст .
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Байден иштибоҳи асосии Амрико дар Афғонистонро гуфт
Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.
Толибон* дар ҳоли ҳозир идораи тамоми давлатро бар дӯши худ гирифтанд.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Толибон* ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0