Бозори арзи Тоҷикистон: қурби доллар, евро ва рубли русӣ боло рафт

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / A man with a blue shirt holds dollars in his handsДоллары в руках
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Қурби тамоми асъори хориҷӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон гардиш мекунанд нисбат ба сомонӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ арзиши 1 рубли русӣ 0,1539 сомонӣ мебошад.
Қурби доллар бошад, тағйир ёфтааст ва дар ҳудуди 11.3300 қарор дорад, дар ҳоле, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта арзиши 1 доллар 11.3230 буд.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.
Дар бозори арзи кишвар арзиши як евро 13.3581 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 13,2672 буд.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Рубл – арзишношинохтатарин арзи ҷаҳон: арзиши доллар дар асл чӣ қадар аст
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3300 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3581 то 13.3500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1539 то 0.1560 сомонӣ
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала