Футболбози эронии тими "Душанбе" абадан аз футбол дар кишвар маҳрум шуд: "қиморбоз будаст"

© сомонаи ФФТАмир Мемори Манеш, футболбози эронии тими Душанбе, ки аз ҳаққи футбол дар Тоҷикистон маҳрум шуд
Амир Мемори Манеш, футболбози эронии тими Душанбе, ки аз ҳаққи футбол дар Тоҷикистон маҳрум шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Обуна шудан
Кумитаи назоратию интизомии Федереатсияи футболи Тоҷикистон легионери эронӣ, Амир Мемори Манешро аз ҳаққи футболбозӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Ҳамлагари тими "Душанбе, Амир Мемори Манеш, футболбози эронӣ аз ҳаққи фаъолият дар бахши футболи Тоҷикистон маҳрум шуд. Бо қарори Кумитаи назоратию интизомии ФФТ ин ҷазо якумра татбиқ мегардад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Амир Мемори дар қиморбозӣ ё худ пулгузорӣ ба натиҷаи бозиҳо айбдор дониста шуд. Манбаъ афзуд, ки худи бозигар иқрор шуд, ки ба натиҷаи бозиҳои тимаш дар доираи чемпионати ҷумҳурӣ "ставка" ё худ пул мегузошт.
Футболбози 28-солаи эронӣ дар нақзи Кодекси интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, аз ҳаққи машғул шудан ба футбол дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳрум гардидааст.
Назари бевоситаи футболбоз дар мавриди иттиҳоми эълоншуда ва қарори Кумитаи интизомӣ феълан дастрас нест.
Ин қарори ФФТ дар ҳолест, ки солҳои охир марказҳои букмекерӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон афзоиш ёфта, ба яке аз ҷойҳои ҷамъшавии ҷавонон табдил ёфтааст. Қонунан ҳузури наврасон дар чунин маконҳо мамнӯъ мебошад, аммо мақомот мегӯянд, зимни санҷишҳо ҳолатҳои нақзи ин муқарраротро ба қайд мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0