Ҳикматиёр: Аз Толибон* қавл гирифтем ба ҳич кас осебе намерасад

© Sputnik / JAKГулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дар суханони бар ҳаллу фасли буҳрон Афғонистон ва мухолифати худ бо ҷанг дар ин кишвар таъкид кард
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Ал-Маядин гуфтааст: “Мо тасмим гирифтем бо миллат бошем ва шаҳрвандонро эҳтиром кунем. Ҳукумат натавонист чорае андешад ва ҳатто ба ҷанг дарояд”.
Вай афзуд: “Мо инҷо ҳастем, то роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистонро пайдо кунем ва мо зидди ҷанг ҳастем; Мардум аз ҷанг розӣ нестанд ва намехоҳанд”.
Ҳикматёр ба мардуми Афғонистон муроҷиат карда, таъкид дошт: "Мо бо шумо ҳамон тавре ки ваъда додаем, хоҳем буд. Ин барои Афғонистон замони душвор аст, аммо мо бо шумоем. Мо бо Афғонистон ҳастем”.
Афганские заключенные готовятся к освобождению из тюрьмы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* афви умумӣ эълон карданд
Вай идома дод: “Ин вазъ зиндагиро дар Афғонистон мушкилтар месозад. Дар Афғонистон Аморати исломӣ эълон шуд, аммо Толибон* ба мо ваъда дод, ки ба ҳеҷ кас зарар намерасонад. Нерӯҳои Толибон* вориди Кобул шудаанд ва ҳоло тамоми масъулиятҳоро бар дӯш доранд”.
Ҳикматёр гуфт: “Дар Афғонистон ниҳодҳои амниятӣ аз кишварҳои мухталиф зиёданд ва мо умедворем, ки ин ниҳодҳо дар Кобул ва дар миёни шаҳрвандон фасод эҷод нахоҳанд кард, пойтахтро хароб нахоҳанд кард ва ба касе осебе нахоҳад расонд. Шаҳрвандон бояд моликияти худро ҳифз кунанд”.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала