Изҳороти Лавров дар бораи Толибон - видео

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дурнамои эътирофи ҳукумати Толибон (ҳаракати радикалии Толибон мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Афғонистонро арзёбӣ кард
Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи федералии Балтика ба номи Иммануэл Кант гуфт:
"Мо на як бору ду бор гуфта будем, ки ба эътироф шитоб намекунем."
Ба гуфтаи ӯ, вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Чин дар ин масъала мавқеъҳои мувофиқ доранд.
Лавров қайд кард, ки намояндагони ҳаракати Толибон омодагии худро барои гузаронидани муколама бо иштироки нерӯҳои мухталифи афғон нишон медиҳанд.
Вай таъкид кард, ки ин умедворкунанда аст.
Ёдовар мешавем, ки ноиби собиқ президент Амруллоҳ Солеҳ худро раҳбари муваққатии Афғонистон эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала