Низомиёни рус дар Тоҷикистон тамринҳои нав сар карданд

© Sputnik / Амир ИсаевСовместные военные учения России, Узбекистана и Таджикистана
Совместные военные учения России, Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Машқҳои нави низомӣ дар пасманзари шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201 Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон машқҳои навбатиро оғоз карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии округи ҳарбии марказии Вазорати мудофиаи Русия.
Дар машқҳо тақрибан ҳазор низомӣ иштирок мекунанд. Машқҳо дар майдонҳои омӯзишии Ляур ва Самбулӣ ҷараён доранд. Низомиён дар пасманзари бад шудани вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон малакаҳои омодагии ҷангиро меомӯзанд.
Совместные военные учения России, Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Тоҷикистону Чин тамринҳои муштарак доир мекунанд
"Артиллеристҳо, муҳандисони ҳарбӣ, мутахассисони мудофиаи зидди ҳавоӣ, ҷанги электронӣ, радиатсия, муҳофизати кимиёвӣ ва биологӣ вазифаҳои ҷангии худро таҳия хоҳанд кард", - гуфта мешавад дар хабар.
Машқҳои низомӣ як моҳ идома хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, воҳидҳои артиллерӣ беш аз 20 тирандозии мустақим аз системаҳои мушакии сершумори "Градд", худравҳои худгарди артиллерияи Гвоздика ва Акатсияро анҷом хоҳанд дод.
Батареяҳои миномётӣ, як дивизияи системаҳои зиддимушакии С-300 ПС ва экипажҳои системаҳои зиддибӯҳронии "Верба" ва "Игла" ҷалб карда мешаванд.
Учения Центр-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Артиши Русия террористонро дар марзи Афғонистон бомбаборон мекунад: ҳоло танҳо дар тамрин
Қисмҳои ҷанги электронӣ мубориза бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва алоқаро коркард хоҳанд кард. Қаблан муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Олег Сиромолотов гуфта буд, ки кормандони низомии Русия пайваста шабонарӯзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро назорат мекунанд.
Вай афзуд, ки назорат бо истифода аз таҷҳизоти иктишофии ҳавоӣ ва электронӣ дар ихтиёри артиши Русия сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала