Ҳушдори обуҳавошиносон: ҳавои пойтахт то 36 дараҷа боло меравад

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди идут по улице в защитных масках
Люди идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳаво дар кишвар камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад
Душанбе, 17 авг - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гармӣ ҷараёни коронавирусро шадидтар мекунад
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала