Эмомалӣ Раҳмон унвони "Роҳбари асри XXI" ва ордени "Эл Юрт Ҳурматӣ" гирифт: 17 август

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 17 августа
День 17 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Обуна шудан
Рӯзи ҳабдаҳуми август дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва кормандони роҳи оҳан мебошад

Рӯзи 17 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1858 аввалин маротиба миёни Америка ва Аврупо алоқаи телеграфӣ пайваст карда шуд.
Соли 1916 Руминия барои пайвастан бо Антанта розигӣ дод.
Соли 1916 дар Олмон барои фурӯши гӯшт меъёр муқаррар карда шуд.
День 13 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Зодрӯзи Фидел Кастро ва Бобоқул Файзуллоев: рӯзи 13 август дар таърих
Соли 1936 аввалин анҷумани нависандагони ИҶШС баргузор шуд.
Соли 1943 Португалия ба Англия иҷозат дод, ки Ҷазираи Азорро ҳамчун пойгоҳи авиатсионӣ истифода барад.
Соли 1959 собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ироқ барои сохтани реактори ҳастаӣ дар Ироқ шартнома ба имзо расонид.

Рӯзи 17 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1948 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2002, 123 шаҳрванди Тоҷикистон, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ кишварро тарк карда буданд, аз Қарочӣ ба Душанбе баргаштанд.
Соли 2006 дар шаҳри Сочии Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Соли 2011 ҷомеаи Аврупо ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони “Роҳбари асри XXI“-ро тақдим кард.
День 12 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Анвар Юнусов қаҳрамони ҷаҳон шуд: рӯзи 12 август дар таърих
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро даъват намуда, ба он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" — ро барои баррасӣ пешниҳод намуд.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Мукофоти олии давлатии Ӯзбекистон- Ордени "Эл Юрт Ҳурматӣ" сарфароз гардонида шуданд.
Соли 2018 дар доираи сафари давлатӣ президент дар Ӯзбекистон сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии "Ӯзбекистон" дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 август

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
Дар Габон – Рӯзи истиқлолият.
Дар Индонезия – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 17 август кӣ дар Тоҷикистон ба дунё омадааст

Лайлӣ Бобоева (1963) – доктори илми фалсафа.
Темур Зулфиқоров (1936) – адиби руснигори тоҷик.
Леонид Корнеев (1909 – 1987) – рассом ва актёри театр, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Ашӯра Носирова (1924) – раққоса, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Тӯйчӣ Самадӣ (1909 – 1986) – мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Михаил Табачников (1930) – нависанда.
Ҳадя (Саломат Раҷабова) (1948)- шоира.

Темур Зулфиқоров адиби саршиноси тоҷику рус.

Ӯ 17 августи соли 1936 дар Душанбе ба дунё омадааст.
Ӯ муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла "Рояли сафед", "Ошпаз ва овозхон", "Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад", "Мурғи сиёҳ", "Саробҳои ишқ", "Ишқи аввали Насриддин", "Бозгашти Хоҷа Насриддин" ва "Пешхидмат бо лаълии тилло" мебошад.
Лентаи хабарҳо
0